Саъдии Шерозӣ

587. Ба қалам рост наёяд сифати муштоқӣ

Ба қалам рост наёяд сифати муштоқӣ,
Содатӣ иҳтарақал-қалбу минал-ашвоқӣ,

Нашавад дафтари дарди дили маҷрӯҳ тамом,
Лав азофу суҳуфаддаҳри ило авроқӣ,

Орзуи дили халқӣ ту ба ширинсуханӣ,
Асари раҳмати Ҳаққӣ ту ба некахлоқӣ.

Бе азизон чӣ таматтуъ¹ бувад аз умри азиз?
Кайфа яҳлу заманулбайни ладал-ушшоқӣ?

Ман ҳамон ошиқам, ар з-он ки ту он дӯст наӣ,
Анна аҳвока ва ин милта анил-мисоқӣ.

Ҳайсу ло тахлуфу манзура ҳабибӣ аринӣ,
Чӣ кунам, қиссаи ин ғусса кунам дар боқӣ.

Ба ду чашми ту, ки гар бе ту барандам ба биҳишт,
Накунам майл ба ҳурону назар бо соқӣ.

Саъдӣ аз дасти ғамат чок зада домани умр,
Бештар з-ин накунад собирию муштоқӣ.

¹ Баҳра.