Ваҳ, ки он турки парипайкар маро девона кард

Ваҳ, ки он турки парипайкар маро девона кард,
Ошно ногашта аз ақлу хирад бегона кард.

Ҳар мусулмоне, ки шакли он бути бадкеш дид,
Пушт бар меҳроби масҷид, рӯй бар бутхона кард.

Он ки ҳар ҷо қиссаи Лайливу Маҷнун хонда буд,
Чун шунид аҳволи моро тарки он афсона кард.

Ин ҳама мастию беҳушӣ на ҳадди бода буд,
Бо ҳарифон ҳар чӣ кард, он наргиси мастона кард.

Ишқ ганҷ омад, дили бехонумон вайронае,
Ончунон ганҷе куҷо манзил дар ин вайрона кард!

Ҷон зи шавқи оразу холаш фуруд омад ба тан,
Мурғро моил ба пастӣ завқи обу дона кард.

Ҷомиё, бо дурдии ҷоми бало мебош хуш,
Чун туро соқии ишқ ин бода дар паймона кард.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»