GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 589. Дили девонагиям ҳасту сари нобокӣ

Дили девонагиям ҳасту сари нобокӣ,
Ки на корест шикебоию андуҳнокӣ.

Сар ба хумхонаи ташнеъ¹ фурӯ хоҳам бурд,
Хирқа, гӯ, дар бари ман даст бишӯй аз покӣ.

Даст дар дил куну ҳар пардаи пиндор, ки ҳаст,
Бидар, эй сина, ки аз дасти маломат чокӣ.

То ба нахчири дили сӯхтагон кардӣ майл,
Ҳар замон баста диле сӯхта бар фитрокӣ.

Анта райёну ва кам ҳаблука қалбун содин,
Анта фарҳону ва кам наҳвука тарфун бокӣ.

Ё Раб, он оби ҳаёт аст бад-он ширинӣ,
Ё Раб, он сарви равон аст, бад-он чолокӣ?

Ҷомае паҳнтар аз коргаҳи имконӣ,
Луқмае бештар аз ҳавсалаи идрокӣ.

Дар шиканҷи сари зулфи ту, дареғо, дили ман,
Ки гирифтори ду мор аст, бад-ин заҳҳокӣ.

Оҳи ман бод ба гӯши ту расонад, ҳаргиз?
Ки на мо бар сари хокему ту бар афлокӣ?

Алғиёс аз ту², ки ҳам дардию ҳам дармонӣ,
Зинҳор аз ту, ки ҳам заҳрию ҳам тарёкӣ.

Саъдиё, оташи савдои туро обе бас,
Бод бефоида мафрӯш, ки муште хокӣ.

¹ Маломат сарзаниш.
² Дод мехоҳам аз ту.

Саъдии Шерозӣ 590. Ишқи ҷонон дар ҷаҳон ҳаргиз набудӣ кошкӣ
Саъдии Шерозӣ 591. Сахт зебо меравӣ якборагӣ
Саъдии Шерозӣ 592. Рӯй бипӯш, эй қамари хонагӣ
Саъдии Шерозӣ 593. Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле
Саъдии Шерозӣ 594. Тараҳҳам зиллатӣ, ё залмаолӣ
Саъдии Шерозӣ 595. Ҳаргиз ҳасад набурдам бар мансабею моле
Саъдии Шерозӣ 596. Маро ту ҷони азизию ёри муҳтарамӣ
Саъдии Шерозӣ 597. Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме
Саъдии Шерозӣ 598. Ту кадомию чӣ номӣ, ки чунин хуб хиромӣ
Саъдии Шерозӣ 599. Чун танг набошад дили мискини ҳамоме
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР