Саъдии Шерозӣ

596. Маро ту ҷони азизию ёри муҳтарамӣ

Маро ту ҷони азизию ёри муҳтарамӣ,
Ба ҳар чӣ ҳукм кунӣ бар вуҷуди ман, ҳакамӣ¹.

Ғамат мабоду газандат мабоду дард мабод,
Ки мӯниси дилу ороми ҷону дафъи ғамӣ.

Ҳазор тундию сахтӣ бикун, ки саҳл бувад
Ҷафои мисли ту бурдан, ки соҳиби карамӣ.

Надонам, аз сару поят кадом хубтар аст,
Чӣ ҷои фарқ, ки зебо зи фарқ то қадамӣ.

Агар ҳазор алам дорам аз ту бар дили реш,
Ҳанӯз марҳами решию доруи аламӣ.

Чунин ки мегузарӣ, кофиру мусулмонро
Нигаҳ ба туст, ки ҳам қиблаию ҳам санамӣ.

Чунин ҷамол нашояд, ки ҳар назар бинад,
Магар ки номи Худо гирди хештан бидамӣ.

Нагӯямат, ки гулӣ бар фарози сарви равон,
Ки офтоби ҷаҳонтоб бар сари аламӣ.

Ту, мушкбӯи сияҳчашмро кӣ дарёбад,
Ки ҳамчу оҳуи мушкин аз одамӣ бирамӣ?

Каманди Саъдӣ агар шери беша сайд кунад,
Ту дар каманд наёӣ, ки оҳуи Ҳарамӣ.

¹ Ҳукмкунанда, довар.