Чу дар шабгун либос он маҳ ба гашти шаб бурун ояд

Чу дар шабгун либос он маҳ ба гашти шаб бурун ояд,
Дилам з-он шакли айёрона дар қайди ҷунун ояд.

Зи бас хуни ғарибон рехт он турки ҷафопеша,
Ғуборе, к-аз сари он кӯй хезад, бӯйи хун ояд.

Марез, ай дида, хуни дил, мабод он чанд пайконаш
Шуда об аз тафу тоби дарун бо он бурун ояд.

Чунон кӯҳе, ки бар дил дошт Фарҳод аз ғами Ширин,
Садои нола то акнун сазад, к-аз Бесутун ояд.

Шудам чун лола рангинҷома, ай шохи гули нозук,
Зи бас, к-аз дида бе рӯйи ту ашкам лолагун ояд.

Ҷафое гар расад аз ту, ману аз ту гила? Ҳошо,
Ту худ лутфӣ зи сар то пой, инҳо аз ту чун ояд?

Худоро, чун ба базми айш биншинӣ, бигӯ, як раҳ
Туфайли дигарон бечора Ҷомӣ ҳам дарун ояд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»