Гар аз пероҳанат бӯе ба тарфи гулситон ояд

Гар аз пероҳанат бӯе ба тарфи гулситон ояд,
Занад гул ҷома бар худ чоку булбул дар фиғон ояд.

Бар он андоми нозук чун писандам бори пероҳан,
Ки бар вай сояи гулбарг ҳам, донам, гарон ояд.

Ба ҳалқи ташна Оби зиндагӣ, донӣ, чӣ хуш бошад?
Маро теғи ҷафоят бар гулӯ хуштар аз он ояд.

Чу най ҳар устухонам шуд зи пайкони ту равзанҳо,
Кунун гар дам занам, сад нола аз ҳар устухон ояд.

Макун, хуршеди ман, аз теғ бими хоксори худ,
Ки бардорад замин, гар сад бало аз осмон ояд!

Даҳонат ғунча, ораз гул, барат насрин, хатат сабза,
Мабодо, к-ин баҳори ҳуснро ҳаргиз хазон ояд!

Ҳамин бас давлати Ҷомӣ, ки хоки остонат шуд,
Гар он иззат намеёбад, ки дар силки сагон ояд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»