Саъдии Шерозӣ

601. Эй дареғо, гар шабе дар бар харобат дидаме

Эй дареғо, гар шабе дар бар харобат дидаме,
Саргарон аз хобу сармаст аз шаробат дидаме.

Рӯзи равшан даст додӣ дар шаби торики ҳаҷр,
Гар саҳаргаҳ рӯи ҳамчун офтобат дидаме.

Гар маро ишқат ба сахтӣ кушт, саҳл аст ин қадар
Кош, к-андак моя нармӣ дар хитобат дидаме.

Дур чаконидӣ қалам бар номаи дилсӯзи ман,
Гар умеди сулҳ боре дар ҷавобат дидаме.

Ростӣ хоҳӣ, сар аз ман тофтан будӣ савоб,
Гар чу кажбинон ба чашми носавобат дидаме.

Оҳ, агар вақте чу гул дар бӯстон ё чун суман
Дар гулистон, ё чу нилуфар дар обат дидаме.

В-ар чу хуршедат набинам, кошкӣ ҳамчун ҳилол
Андаке пайдову дигар дар ниқобат дидаме.

Аз манат, донам, ҳиҷобе нест ҷуз бими рақиб,
Кош пинҳон аз рақибон дар ҳиҷобат дидаме.

Сар наёристӣ кашид аз дасти афғонам фалак,
Гар ба хидмат дасти Саъдӣ дар рикобат дидаме.

Ин таманноям ба бедорӣ муяссар кай шавад?
Кошкӣ хобам гирифтӣ, то ба хобат дидаме.