Дӯш чашми ман ба хобу бахти ман бедор буд

Дӯш чашми ман ба хобу бахти ман бедор буд,
Шаб ҳама шаб мӯниси ҷонам хаёли ёр буд.

Дидамаш дар хоб, чун бедор шуд бахт андаке,
Ин қадар аз бахти хоболуди ман бисёр буд.

Лаъли ӯ аз ханда ҳар боре, ки шаккарбор гашт,
Дар баробар чашми ман аз гиря гавҳарбор буд.

Лаззати ширинии гуфтори ӯ дар дил бимонд,
Аллаҳ-Аллаҳ, он чӣ лабҳои шакаргуфтор буд!

Ваҳ, ки рафт аз хотирам дар хоб бо ман ҳар чӣ гуфт,
Гарчи кори ман ҳама шаб то саҳар такрор буд.

Рӯз дар чашмам шаби тира-ст бе рухсори ӯ,
Ай хуш он рӯзе, ки чашми ман бар он рухсор буд.

Хоби хуш бодат ҳалол, ай дида, Ҷомӣ чун ба хоб
Дида имшаб он чӣ умре баҳри он бедор буд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»