Саъдии Шерозӣ

609. Бар онам, гар ту боз оӣ, ки дар поят кунам ҷоне

Бар онам, гар ту боз оӣ, ки дар поят кунам ҷоне,
В-аз ин камтар нашояд кард дар пои ту қурбоне.

Умед аз бахт медорам бақои умр чандоне,
К-аз абри лутф боз ояд ба хоки ташна бороне.

Миёни ошиқу маъшуқ агар бошад биёбоне,
Дарахти арғавон рӯяд ба ҷои ҳар муғелоне.

Магар Лайлӣ намедонад, ки бе дидори маймунаш
Фарохои ҷаҳон танг аст бар Маҷнун чу зиндоне?!

Дареғо аҳди осонӣ, ки миқдораш надонистам,
Надонӣ қадри васл, илло ки дар монӣ ба ҳиҷроне.

На дар зулфи парешонат мани танҳо гирифторам,
Ки дил дар банди ӯ дорад ба ҳар мӯе парешоне.

Чӣ фитна-ст ин, ки дар чашмат ба ғорат мебарад дилҳо?
Туӣ дар аҳди мо, гар ҳаст дар Шероз фаттоне.

Нашояд хуни Саъдиро ба ботил рехтан, ҳаққо,
Биё, саҳл аст, агар дорӣ ба хатти хоҷа фармоне.

Замони рафта боз ояд, валекин сабр мебояд,
Ки мустахлас¹ намегардад баҳоре бе зимистоне.

¹ Батасарруфдаромада, ҳосилшуда.