Саъдии Шерозӣ

611. Баҳор омад, ки ҳар соат равад хотир ба бустоне

Баҳор омад, ки ҳар соат равад хотир ба бустоне,
Ба ғулғул дар самоъ оянд ҳар мурғе ба дастоне.

Дами Исост, пиндорӣ, насими боди наврӯзӣ,
Ки хоки мурда боз ояд, дар ӯ рӯҳею райҳоне.

Ба ҷавлону хиромидан даромад сарви бустонӣ,
Ту низ, эй сарви рӯҳонӣ¹, бикун як бор ҷавлоне.

Ба ҳар кӯе парирӯе, ба чавгон мезанад гӯе,
Ту худ гӯи занах дорӣ, бисоз аз зулф чавгоне.

Ба чандин ҳилату ҳикмат, ки гӯй аз ҳамгинон бурдам,
Ба чавгонам намеафтад чунин гӯи занахдоне.

Биёр, эй боғбон, сарве, ба болои дилоромам,
Ки боре ман надидастам чунин гул дар гулистоне.

Ту оҳучашм, нагзорӣ маро аз даст, то он гаҳ
Ки ҳамчун оҳу аз дастат ниҳам сар дар биёбоне.

Камоли ҳусни рӯятро сифат кардан намедонам,
Ки ҳайрон боз мемонам, чӣ донад гуфт ҳайроне?

Висоли туст, агар дилро муроде ҳасту матлубе,
Канори туст, агар ғамро каноре ҳасту поёне.

Табиб аз ман ба ҷон омад, ки, Саъдӣ, қисса кӯтаҳ кун,
Ки дардатро намедонам бурун аз сабр дармоне.

¹ Рӯҳнавоз, рӯҳпарвар.