Он турки шӯх, бин, ки чӣ мастона меравад

Он турки шӯх, бин, ки чӣ мастона меравад,
Шаҳре асир карда суйи хона меравад.

Ҳар ҷонибе, ки ҷилвакунон рӯй мениҳад,
Бо ӯ ҳазор ошиқи девона меравад.

Ҷонам зи тан рамид зи савдои холи ӯ,
Мурғ аз қафас парида пайи дона меравад.

Аз сабр рафта пеши ғамаш мекунам гила,
Бо ошно ҳикояти бегона меравад.

Ҳошо, ки шамъ чеҳра фурӯзад миёни ҷамъ,
Гар донад он чӣ бо дили парвона меравад.

Зоҳид ба ҳулд моилу ошиқ ба кӯйи дӯст,
Булбул ба боғу чуғз ба вайрона меравад.

Ҷомӣ малул шуд зи рафиқони кӯйи зуҳд,
Паймон шикасту бар сари паймона меравад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»