Дӯстон, бозам аҷаб коре фитод

Дӯстон, бозам аҷаб коре фитод,
Дил ба доми ишқи хунхоре фитод.

Ҷон рамид аз тан, ба кӯяш орамид,
Аз қафас мурғе ба гулзоре фитод.

Мо бало хоҳему зоҳид офият,
Ҳар матоеро харидоре фитод.

Дар ҳарими васл маҳрам шуд рақиб,
Домани гул дар кафи хоре фитод.

Ақл шуд мафтуни мушкин туррааш,
Содае дар доми тарроре¹ фитод.

Чашм пӯшидам, рухаш дидам ба хоб,
Хуфтаеро бахти бедоре фитод.

Умрҳо Ҷомӣ вафо варзиду сабр,
Кораш охир бо ҷафокоре фитод.


¹ Таррор – ҳилагар.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»