GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 616. Нагӯям, обу гил аз он вуҷуди рӯҳонӣ

Нагӯям, обу гил аз он вуҷуди рӯҳонӣ,
Бад-ин камол набошад ҷамоли инсонӣ.

Агар ту обу гилӣ ҳамчунон ки соири халқ,
Гили биҳишти мухаммар¹ ба оби ҳайвонӣ.

Ба ҳар чӣ хубтар андар ҷаҳон назар кардам,
Ки гӯямаш ба ту монад, ту хубтар донӣ.

Вуҷуди ҳар кӣ нигаҳ мекунам зи ҷону ҷасад,
Мураккаб асту ту аз фарқ то қадам ҷонӣ.

Гарат дар оинаи симои хеш дил бибарад,
Чу ман шавию ба дармони хеш дармонӣ.

Диле ки бо сари зулфат тааллуқе дорад,
Чӣ гуна ҷамъ шавад бо чунин парешонӣ?

Маро, ки пеши ту иқрори бандагӣ кардам,
Равост, гар бинавозию гар биранҷонӣ.

Вале хилофи бузургон, ки гуфтаанд, макун
Бикун, ҳар он чи бишояд, на ҳар чӣ битвонӣ?

Тамаъ мадор, ки аз доманат бидорам даст,
Ба остини малоле, ки бар ман афшонӣ.

Фидои ҷони ту, гар ман фидо шавам чӣ шавад?
Барои ид бувад гӯсфанди қурбонӣ.

Равони равшани Саъдӣ, ки шамъи маҷлиси туст,
Ба ҳеч кор наёяд, гараш насӯзонӣ.

¹ Сиришта, хамиршуда.

Саъдии Шерозӣ 617. На тариқи дӯстон асту на шарти меҳрбонӣ
Саъдии Шерозӣ 618. Ҳама касро тану андому ҷамол асту ҷавонӣ
Саъдии Шерозӣ 619. Чаро ба саркашӣ аз ман инон бигардонӣ?
Саъдии Шерозӣ 620. Фаррух сабоҳи он ки ту бар вай назар кунӣ
Саъдии Шерозӣ 621. Сарв истода беҳ, чу ту рафтор мекунӣ
Саъдии Шерозӣ 622. Чашми ризову марҳамат бар ҳама боз мекунӣ
Саъдии Шерозӣ 623. Дидор менамоию парҳез мекунӣ
Саъдии Шерозӣ 624. Рӯзе ба занахдонат гуфтам: Биҳи симинӣ
Саъдии Шерозӣ 625. Шаб асту шоҳиду шамъу шаробу ширинӣ
Саъдии Шерозӣ 626. Имрӯз чунонӣ, эй парирӯй
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР