Дар ман ин аст, ки сабрам зи накӯрӯён нест

Дар ман ин аст, ки сабрам зи накӯрӯён нест,
Зарқ нафрӯшаму зуҳде нанамоям, к-он нест.

Эй ки манзур бибинию тааммул накунӣ,
Гар туро қуввати ин ҳаст, маро имкон нест.

Тарки хубони Хито¹ айни савоб аст, валек
Чӣ кунад банда, ки бар нафси худаш фармон нест?

Ман дигар майл ба саҳрову тамошо накунам,
Ки гуле ҳамчу рухи ту ба ҳама бустон нест.

Эй парирӯи малаксурати зебосират,
Ҳар кӣ бо мисли ту унсаш набувад, инсон нест.

Чашм бар карда² басе халқ, ки нобиноянд,
Масали сурати девор, ки дар вай ҷон нест.

Дарди дил бо ту ҳамон беҳ, ки нагӯяд дарвеш,
Эй бародар, ки туро дарди диле пинҳон нест.

Он ки ман дар қалами қудрати ӯ ҳайронам,
Ҳеч махлуқ надонам, ки дар ӯ ҳайрон нест.

Саъдиё, умри гаронмоя ба поён омад,
Ҳамчунон қиссаи савдои туро поён нест.


¹ Номи шаҳре дар Туркистон, ки мардуми он ба зебоӣ шуҳрат доранд.
² Кушодаанд.