Ку сабо, то раҳ ба сарви хушхироми ман барад

Ку сабо, то раҳ ба сарви хушхироми ман барад,
Гаҳ саломи ӯ расонад, гаҳ паёми ман барад?

Дар баёни шавқи ӯ ҳар лаҳза чун авроқи гул
Дафтари рангин зи ашки лолафоми ман барад.

Номаи ман кай тавонад бурд қосид пеши ёр,
Чун надорам ҳаргиз он ёро, ки номи ман барад?

Шуд дилам чун нофа хун, то омад он оҳу ба дом,
Войи ман, гар ишваи даҳраш зи доми ман барад.

Аз Худо хоҳам расуле дар дуо ҳар субҳу шом,
То ба ёри ман дуои субҳу шоми ман барад.

Шуд зи ҷоми сабр коми айши ман талх, ай табиб,
Шарбате фармо, ки ин талхӣ зи коми ман барад.

Соқии базмам, хаёли он лаб омад, Ҷам куҷост,
То чу Ҷомӣ ҷуръаи ишрат зи ҷоми ман барад?

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»