Саъдии Шерозӣ

621. Сарв истода беҳ, чу ту рафтор мекунӣ

Сарв истода беҳ, чу ту рафтор¹ мекунӣ,
Тӯтӣ хамӯш беҳ, чу ту гуфтор мекунӣ.

Кас дил ба ихтиёр ба меҳрат намедиҳад,
Доме ниҳодаӣ, ки гирифтор мекунӣ.

Ту худ чӣ фитнаӣ, ки ба чашмони турки маст
Тороҷи ақли мардуми ҳушёр мекунӣ?

Аз дӯстӣ, ки дораму ғайрат², ки мебарам,
Хашм оядам, ки чашм ба ағёр мекунӣ.

Гуфтӣ, назар хатост, ту дил мебарӣ, равост?
Худ карда ҷурму халқ гунаҳкор мекунӣ?!

Ҳаргиз фаромушат нашавад дафтари хилоф,
Бо дӯстон чунин ки ту такрор мекунӣ.

Дастон ба хуни тозаи бечорагон хизоб,
Ҳаргиз кас ин кунад, ки ту, айёр, мекунӣ?

Бо душманон мувофиқу бо дӯстон ба хашм,
Ёрӣ набошад, ин ки ту бо ёр мекунӣ.

То ман самоъ мешунавам, панд нашнавам,
Эй муддаъӣ, насиҳати бекор³ мекунӣ.

Гар теғ мезанӣ, сипар инак вуҷуди ман,
Сулҳ аст аз ин тараф, ки ту пайкор мекунӣ.

Аз рӯи дӯст, то накунӣ рӯ ба офтоб,
К-аз офтоб рӯй ба девор мекунӣ.

Зинҳор, Саъдӣ, аз дили сангини кофараш,
Кофар чӣ ғам хурад, чу ту зинҳор мекунӣ?

¹ Роҳ рафтан ба ноз, хиромидан.
² Рашк бурдан.
³ Беҳуда, беасар.