Саъдии Шерозӣ

623. Дидор менамоию парҳез мекунӣ

Дидор менамоию парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ.

Гар хуни дил хурӣ, фараҳафзой мехурӣ,
В-ар қасди ҷон кунӣ, тарабангез мекунӣ.

Бар талхъайшии ман агар ханда оядат,
Шояд ки хандаи шакаромез мекунӣ.

Ҳайрони дасту дашнаи зебот мондаам,
К-оҳанги хуни ман чӣ диловез мекунӣ.

Саъдӣ, гулат шукуфт ҳамоно, ки субҳдам
Фарёди булбулони саҳархез мекунӣ.