Соқиё, атрофи боғ аз сабзаи тар тоза шуд

Соқиё, атрофи боғ аз сабзаи тар тоза шуд,
Ҷоми май дардеҳ, ки даври ишрат аз сар тоза шуд.

Гул ба ваҷҳи соғари май дар миён овард зар,
Дар сари наргис ҳавои соғари зар тоза шуд.

Базми гулшанро зи лола ҷоми лаъл омад падид,
Афсари гулро зи жола иқди гавҳар тоза шуд.

Булбулонро ҷон ба бӯйи суҳбати гул зинда гашт,
Қумриёнро майди дил сӯйи санавбар тоза шуд.

Сарвро бар тарфи ҷӯй аз файзи абри дурфишон,
Ҳуллаи сабзи зумуррадранг дар бар тоза шуд.

Аз риёзи макрамат омад насими раҳмате,
Ҷони олам з-он насими рӯҳпарвар тоза шуд.

Қисса кӯтаҳ, Ҷомӣ, аҳли фазлро кишти умед
Аз саҳоби лутфи шоҳи адлгустар тоза шуд.

Хисрави ғозӣ, муиззи мулку дин Султон Ҳусайн,
Он ҳасанхулқе, к-аз ӯ осори Ҳайдар тоза шуд,

Бод рӯзе ҳар дамаш фирӯзии дигар, к-аз ӯ
Расми фирӯзӣ дар ин фирӯзаманзар тоза шуд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»