Чу най аз нола бешам қиссаи ҳиҷрон фурӯ резад

Чу най аз нола бешам қиссаи ҳиҷрон фурӯ резад,
Дилам гардад зи ғам хун, хунам аз мижгон фурӯ резад.

Малоик баски мегирянд шабҳо аз фиғони ман,
Аҷаб набвад, ки чун абр аз фалак борон фурӯ резад.

Зи бас доманкашон бар куштагони худ гузашт он гул,
Агар доман фишорад, хунаш аз доман фурӯ резад.

Чунон пур шуд маро сина зи пайконҳои он бадхӯ,
Ки гар теғаш дар ӯ чок афганад, пайкон фурӯ резад.

Ҳуҷуми ишқи ӯ бар ҷонам аз ҳар сӯ бад-он монад,
Ки бар хони гадое мавкаби¹ султон фурӯ резад.

Чӣ зулф аст он, ки гар бодаш биҷунбонад, зи ҳар ҳалқа
Ҳазорон дил фурӯ борад, ҳазорон ҷон фурӯ резад.

Зи чашми ашкрезам гар нависад нуктае Ҷомӣ,
Зи нӯки килки ӯ сад гавҳари ғалтон фурӯ резад.


1 Мавкаб – дастаи саворон, ки дар рикоби подшоҳ бошанд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»