Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 4

Дузде ба хонаи порсое даромад. Чандон ки ҷуст, чизе наёфт, дилтанг шуд. Порсо хабар шуд, гилеме, ки бар он хуфта буд, дар роҳи дузд андохт, то маҳрум нашавад.

Шунидам, ки мардони роҳи Худо
Дили душманонро накарданд танг.
Туро каё муяссар шавад ин мақом,
Ки бо дӯстонат хилоф асту ҷанг.

Муваддати аҳли сафо чи дар рӯю чи дар қафо на чунон, к-аз паят айб гиранду пешат миранд.

Дар баробар чу гӯспанди салим,
Дар қафо ҳамчу гурги мардумхор.

***

Ҳар кӣ айби дигарон пеши ту оварду шумурд,
Бегумон, айби ту пеши дигарон хоҳад бурд.