Мусулмонон, чӣ созам чора бо он шӯхи сангиндил

Мусулмонон, чӣ созам чора бо он шӯхи сангиндил,
Ки ҳам ком аз лабаш саъб¹ асту ҳам сабр аз рухаш мушкил.

Агар тан дар фироқи ӯ диҳам, умрест беҳуда
В-агар дил бар висоли ӯ ниҳам, фикрест беҳосил.

Давои ишқ, гӯянд, аз сафар хезад, чӣ донистам,
Ки дар дил меҳри он маҳ хоҳад афзун шуд ба ҳар манзил.

Агар не об бар оташ задӣ борони ашки ман,
Зи барқи оҳи гармам сӯхтӣ ҳам ноқа, ҳам маҳмил.

Бад-он дурри гаронмоя чӣ гуна раҳ барам, чун шуд
Зи оби дида дарёҳо миёни мову ӯ ҳоил.²

Шикаста киштии уммед дар гирдоби ғам моро,
Ту, ай носеҳ, мазан санги маломат боре аз соҳил.

Шароби хушдилӣ арбоби ишратро деҳ, ай даврон,
Ки ҳаст аз соғари ғам Ҷомӣ акнун масти лояъқил.


¹ Саъб – душвор, сахт.
² Ҳоил – чизест, ки байни ду чиз ё кас меистад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»