Чӣ гӯям, к-аз ғамат чун метапад дил

Чӣ гӯям, к-аз ғамат чун метапад дил,
Чу сайди ғарқа дар хун метапад дил.

Зи рӯйи лутф дасте бар дилам неҳ,
Бибин, к-аз дасти ту чун метапад дил.

Зи мурғе, к-афтад андар доми сайёд,
Маро дар зулфат афзун метапад дил.

Чу он моҳӣ, ки берун афтад аз об,
Зи базми васл берун метапад дил.

Гар аз ҷониб омад ишқ, чун аст,
Ки Лайлиро чу Маҷнун метапад дил?

Нахустин ҷунбиш омад ҷунбиши ишқ,
Ҳарифонро на акнун метапад дил.

Пайи таскини Ҷомӣ бӯсае бахш,
Ки имрӯзаш дигаргун метапад дил.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»