Дарвешеро зарурат пеш омад, гилеме аз хонаи ёре бидуздид. Ҳоким фармуд, то дасташ бибуранд, Соҳиби гилем шафоат кард, ки ман ӯро биҳил кардам.
Гуфто:
- Ба шафоати ту ҳадди шаръ фурӯ нагузорам.
Гуфт:
- Рост гуфтӣ, валекин ҳар кӣ аз моли вақф чизе бидуздад, қатъи ядаш лозим наёяд, ки «ва-л-фақиру ло ямлику» (тангдаст чизе надорад), ҳар чӣ дарвешонрост, вақфи муҳтоҷон аст.
Ҳоким даст аз ӯ бидошт ва маломат кардан гирифт, ки ҷаҳон бар ту танг омада буд, ки дуздӣ накардӣ илло аз хонаи чунин ёре?
Гуфт:
- Эй худованд, нашунидаӣ, ки гуфтаанд: «Хонаи дӯстон бирӯбу дари душманон макӯб?»
Чун ба сахтӣ дарбимонӣ, тан ба аҷз - андар мадеҳ,
Душманонро пӯст баркан, дӯстонро пӯстин!