Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 18

Обидеро подшоҳе талаб кард. Андешид, ки доруе бихурам, то заиф шавам, магар эътиқоде, ки дорад дар ҳаққи ман, зиёдат кунад. Овардаанд, ки доруи қотил бихӯрду бимурд.

Он кӣ чун писта дидамаш ҳама мағз,
Пӯст бар пӯст буд ҳамчу пиёз.
Порсоёни рӯй дар махлуқ
Пушт бар қибла мекунанд намоз.

* * *

Чун банда Худои хеш хонад,
Бояд, ки ба ҷуз Худо надонад.