GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Муқаддима

Муқаддима

«Баҳористон» асари мансури Абдураҳмони Ҷомист, ки соли 1487 (892 ҳиҷрӣ) барои писари муаллиф Зиёуддин Юсуф дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст. Он бо ҳуруфоти имрӯзаи тоҷикӣ бори нахуст пурра чоп карда мешавад. Дар мақолаи камина «Баҳористони бехазон», ки чун муқаддимаи «Бахористоне», ки соли 1987 дар Душанбе бо тиражи 25 000 нусха чоп шудааст, таърихи таълиф, арзиши бадеӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии он муфассал баён гардидааст. [Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Китобхонаи мактаб. Таҳиягари чоп, муаллифи сарсухан ва шореҳи тавзеҳоту луғат Аълохон Афсаҳзод. Душанбе, «Адиб», 1987, с. 5—24.] Хоҳишмандон метавонанд, ки ба он ҷо муроҷиат намоянд. Ба ҳамкоронам Алӣ Муҳаммадиеву Ҷобулко Додалишоев ва бародарам Ансор Афсаҳов, ки матни дар дастдоштаатонро баъди мошинка шуданаш бо матни интиқодие, ки дар Москва соли 1987 чоп шудааст, [Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Матни илмии интиқодӣ. Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Аълохон Афсаҳзод. Москва, «Наука», Шӯъбаи адабиёти Ховар, 1987.] боз якборӣ муқоиса карда хонданд ва чандин саҳву ғалатҳоро ислоҳ карданд, ташаккур мегӯям.

Чу мурғи амри зй-боле¹ зи оғоз
На аз нирӯи ҳама ояд ба парвоз,
Ба мақсад норасида пар бирезад,
Фитад, з-он сон, ки ҳаргиз барнахезад.

Ҳазорон достони ҳамду сано аз забони мурғони баҳористони ишқу вофо, ки аз манобири² ағсони³ фазлу эҳсон ба ҳусни асвот⁴ ва тиби алҳон⁵ аладдавом⁶ хонанд ва ба масомеи ҳозирони маҷомеи⁸ қудс ва нозирони¹⁰ манозири¹¹ унс асло маръишшуҳур¹³ ва-л-аъвом¹⁴ расонанд.

Қитъа

Сонеъеро¹⁵, ки гулистони сипеҳр
Бошад аз гулшани ҳуснаш варақе,
Ё бувад баҳри санохононаш
Пур нисори дуру гавҳар тарақе.

Ҷаллат азамата ҷалолиҳи¹⁶ ва аллат калимата-л-камолиҳи.¹⁷ Ва ҳазорон суруди таҳийяту¹⁸ дуруд ва гулӯи андалебони бӯстонсарои фазлу ҷӯд, ки мутрибони базми шуҳуд,¹⁹ ки муғанниёни²⁰ ишратхонаи ваҷди вуҷуданд.

Қитъа

Ҳар гули равзаи²¹ иблоғ,²² ки ҳаст
Гули ин боғ зи рӯяш варақе.
Нест з-авроқи²³ чаман мурғонро
Ба ҷуз авсофи²⁴ ҷамолаш сабақе.

Ва ало саҳбиҳи ва олиҳи-л-муқтабисина мин машқути улумиҳи ва аҳволиҳи.²⁵ Аммо баъд намуда меояд, ки чун дар ин вақти дилписанд фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф, исматуллоҳи аммо юфзия ила-т-талаҳҳуфа ва т-таассафа,²⁶ ба омӯхтани муқаддамоти каломи араб ва андӯхтани қавоиди фунуни адаб иштиғол намуд ва пӯшида намонад, ки тифлони наврасида ва кӯдакони ранҷнодидаро аз тааллуми²⁷ истилоҳоте, ки маънуси тибоъ²⁸ ва маълуфи истимоъи²⁹ эшон нест, бар дил бори ваҳшате ва дар хотир ғубори даҳшате менишинад, аз барои талтифи³⁰ сар³¹ ва ташхизи³² хотири вай гоҳ-гоҳе аз китоби «Гулистон», ки аз анфоси³³ мутабаррикаи шайхи номдор ва устоди бузургвор Муслиҳиддин Саъдии Шерозист, раҳматуллоҳи таоло,³⁴

Маснавӣ

На гулистон, ки равзае зи биҳишт,
Хоку хошоки ӯ абирсиришт.
Бобҳояш биҳиштро дарҳо,
Файздеҳ қиссаҳояш кавсарҳо.
Нуктаҳояш нуҳуфта дар парда,
Рашки ҳурони нозпарварда,
Дилкаш ашъори ӯ баландашҷор,³⁵
Аз нами лутфи «Таҳтуҳа-л-анҳор»,³⁶

сатре чанд хонда мешуд. Дар он асно чунон дар хотир омад, ки табаррукан би анфоси-ш-шарифиҳи ва татаббуан ли ашъори л-латифиҳи³⁷ варақе чанд бар он услуб сохта шавад ва ҷузве чанд бар он минвол пардохта гардад, то ҳозиронро достоне бошад ва ғарибонро армуғоне. Ва чун ин маънӣ ба анҷом расид ва ин сурат ба итмом анҷомид,

Бо хирад гуфтам: «Чӣ созам зевари ин наварӯс,
То ба чашми хостгоронаш фазояд зебу зайн?³⁸
Гуфт: «Дурҳои санои шаҳриёри комгор —
Нусрат-уд-дунё,³⁹ муизз-уд-давла,⁴⁰ каҳф-ул-ҳофизайн.⁴¹
Ахтари бурҷи ҷалолат,⁴² гавҳари дурҷи⁴³ шараф,
Шамъи базми дудаи⁴⁴ Темурхон-султон Ҳусайн,
Осмонқадре, ки чун ҳур ҳоли зарроти ҷаҳон
Бошад аз чашми иноят⁴⁵ дидан ӯро фарзи айн.⁴⁶
Дайн дон дар зиммаи ҷӯдаш ҳама ҳоҷоти⁴⁷ халқ
Кам писандад ҷӯди ӯ дар гардани худ ори дайн.⁴⁸

Қитъа

«Гулистон» гарчи Саъдӣ кард аз ин пеш
Ба номи Саъд бин Зангӣ⁴⁹ тамомаш,
«Баҳористон»-и ман ном аз касе ёфт,
Ки шояд Саъд бин зангӣ ғуломаш.

Қитъа

Гузаре кун дар ин баҳористон,
То бибинӣ дар ӯ гулистонҳо⁵⁰
В-аз латоиф⁵¹ ба ҳар гулистоне
Раста гулҳо, дамида райҳонҳо.

Ва тартиби ин «Баҳористон» бар ҳашт равза иттифоқ афтодааст, ҳар равзае биҳиштойин муштамил⁵² ба ранги дигар аз шақоиқ⁵³ ва бӯи дигар аз раёҳин,⁵⁴ на шақоиқашро аз поймоли боди хазон пажмурдагӣ ва на раёҳинашро аз дастбурди барди дай⁵⁵ афсурдагӣ.

Маснавӣ

Дамида марғзораш бар ҷавониб,⁵⁶
Шукуфта лолазораш дар навоҳӣ,⁵⁷
Зи шабнам лоларо х(в)ай⁵⁸ дар баногӯш,
Зи борон ғунчаро май дар суроҳӣ.⁵⁹

Илтимос аз тамошоиёни ин риёзи⁶⁰ холӣ аз хорӣ мулоҳазои аъроз⁶¹ ва хошоки мутолабаи⁶² аъвоз⁶³ он ки чун ба қадами эҳтимом⁶⁴ бар инон бингаранд, боғбонро, ки дар тарбияташон хуни ҷигар хӯрдааст ва дар танмияташон⁶⁵ ҷони ширин бар лаб оварда, ба дуое ёд кунанд ва ба саное шод гардонанд.

Қитъа

Ҳар кас зи некбахтон з-ин тозарас дарахтон
дар сояе нишинад ё мевае бичинад,
Он беҳ, ки пеш гирад ойини ҳақгузорӣ,
Роҳи карам сипорад, расми дуо гузинад.
Гӯяд, ки банда Ҷомӣ, к-ин равза сохт, ё Раб,
Ҳамвора аз Худо пур в-аз худ тиҳӣ нишинад.
Ҷуз роҳи ӯ напӯяд, ҷуз васли ӯ наҷӯяд,
Ҷуз номи ӯ нагӯяд, ҷуз рӯи ӯ набинад.

Тавзеҳ ва луғат

¹ Зӣ-бол — болдор, пардор.
² Манобир — ҷ. минбар.
³ Ағсон — ҷ. ғусн-шохҳо.
⁴ Асвот-ҷ. савт — овоз, садо.
⁵ Алҳон-ҷ. лаҳн — овози хуш.
⁶ Аладдавом — бардовам, ҳамеша.
⁷ Масомеъ-ҷ. мисмаъ — гӯшҳо.
⁸ Маҷомеъ-ҷ.маҷмаъ — маҳфил.
⁹ Қудс — баланд.
¹⁰ Нозир — нигоҳкунанда.
¹¹ Манозир — ҷ. манзара.
¹² Ало — бар, дар.
¹³ Маръишшуҳур — мардони машҳур.
¹⁴ Аъвом-ҷ. ом — мардум, халқ.
¹⁵ Сонеъ — офаранда.
¹⁶ Ҷаллат азамата ҷалолиҳи — шукӯҳи бузургиаш пуршукӯҳтар бод!
¹⁷ Аллат калимата-л-камолиҳи — фармудаҳояш боиси камоли ӯст.
¹⁸ Таҳийят — сипосу ситоиш.
¹⁹ Шуҳуд-ҷ. шоҳид — маҳбубагон.
²⁰ Муғаннӣ — сароянда, навозанда.
²¹ Равза — боғ.
²² Иблоғ — огоҳ кардан.
²³ Авроқ — ҷ. варақ.
²⁴ Авсоф — ҷ. васф.
²⁵ Ва ало саҳбиҳи ва олиҳи-л-муқтабисина мин машқути улумиҳи ва аҳволиҳи — ва бар ҳамсӯҳбатон ва аҳли хонаводаашон, ки аз донишҳо ва рафтори ӯ файзгир ҳастанд.
²⁶ Исматуллоҳи аммо юфзия ила-т-таллаҳҳафа ва-т-таассафа — Худованд нигоҳбонаш бод ва аз корҳое, ки боиси бадномӣ ва таассуф аст, эмнаш дорад.
²⁷ Таалум — омӯхтан.
²⁸ Маънуси тибоъ — мувофиқи табиат.
²⁹ Маълуфи истимоъ — ба шунидан одат карда.
³⁰ Талтиф — сабук кардан.
³¹ Сад — тасаввур.
³² Ташҳиз — тез кардан.
³³ Анфос — ҷ. нафас.
³⁴ Раҳматуллоҳи таоло — Худованди бузург биёмурзадаш.
³⁵ Ашҷор — дарахтон.
³⁶ Тахтуҳа-л-анҳор — зери онҳо наҳрҳост.
³⁷ Би анфоси-ш-шарифиҳи ва татаббуан ли ашъори-л-латифиҳи — ба нафаси мубораки ӯ ва дар пайравӣ ба ашъори латифи ӯ.
³⁸ Зайн — ороиш.
³⁹ Нусрату-д-дунё — зафарманди дунё.
⁴⁰ Муиззу-д-давла — азизу арҷманди давлат.
⁴¹ Кафҳу-л-ҳофиқайн — пушту паноҳи шарқу ғарб.
⁴² Ҷалолат — бузургию шукӯҳ.
⁴³ Дурҷ — қутии гавҳардон.
⁴⁴ Дуда — насл, авлод.
⁴⁵ Иноят — меҳрубонӣ.
⁴⁶ Фарзи айн — он чи иҷрояш ҳатмист.
⁴⁷ Ҳоҷот — ҷ. ҳоҷат, ниёзманиҳо.
⁴⁸ Дайн — қарзи ба мӯҳлат.
⁴⁹ Саъд ибни Зангӣ — ҳокими вилояти Форс дар замони Саъдии Шерозӣ.
⁵⁰ Гулистон ва баҳористон ба ду маънӣ — ҳам ба маънои луғавӣ ва ҳам номи китобҳои Саъдию Ҷомӣ омадаанд.
⁵¹ Латоиф — ҷ. латифа — назокатҳо.
⁵² Мутшамил — доро, иборат будан.
⁵³ Шақоиқ-ҷ. шақиқ — лолаҳо.
⁵⁴ Раёҳин — ҷ. райҳон.
⁵⁵ Барди дай — сармои зимистон.
⁵⁶ Ҷавониб — ҷ. ҷониб.
⁵⁷ Навоҳӣ — ҷ. ноҳия — атроф.
⁵⁸ Хай — арақ.
⁵⁹ Суроҳӣ — зарфи шароб.
⁶⁰ Риёз — ҷ. равза — боғҳо.
⁶¹ Аъроз — ҷ. арз — мол.
⁶² Мутолаба — талаб кардан.
⁶³ Аъвоз — ҷ. аваз — он чи иваз мешавад.
⁶⁴ Эҳтимом — кӯшиш, хизмат.
⁶⁵ Танмият — нумӯ додан, парвардан.

Абдураҳмони Ҷомӣ, Нуриддин. Осор. Иборат аз ҳашт ҷилд. Ҷилди 7. [Девони 3 – «Хотимат-ул-ҳаёт», «Баҳористон»] – Д.: 1989. – 542 с.

Абдураҳмони Ҷомӣ Равзаи нахустин » 1
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР