Абдураҳмони Ҷомӣ

Равзаи нахустин » 1

Равзаи нахустин

Дар нашри раёҳини чида аз басотини дурбинони роҳи ҳидоят ва садрнишинони боргоҳи вилоят

1. Сайид-ут-тоифа¹ Ҷунайд,² қуддиса сирруҳу,³ мегӯяд: «Ҳикоёт-ал-машоиҳа ҷинда мин ҷунудиллоҳ,⁴ яъне суханони машоих дар илму маърифат росих лашкарест аз лашкарҳои Худои таоло ба кишвари ҳар дил, ки азимат тобад, мухолифони нафсу ҳаворо рӯй дар ҳазимат ёбад.

Қитъа

Ҳуҷуми нафсу ҳаво гар сипоҳи шайтонанд,
Чу зӯр бар дили марди Худопараст оранд,
Ба ҷуз ҷунуди ҳикоёти раҳнамоёнро
Чӣ тоби он ки бар он раҳзанон шикаст оранд?

Худои таоло бо Расули⁵ худ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам,⁶ хитоб мекунад, ки «Ва кулла нақусу алайка мин анбои-р-расули мо набисат биҳи фаводака», яъне мехонем бар ту қиссаҳои пайғамбарон, то дили туро собит гардонем бар он чи ҳастӣ дар он.

Қитъа

Чу сурате ба дилат созӣ аз иродат рост,
Зи нафхи сури⁷ дами озимон⁸ ҳаёташ деҳ.
В-агар шавад мутазалзил⁹ дилат зи ҷунбиши табъ,
Ба шарҳи қиссаи соҳибдилон саботаш¹⁰ деҳ.

¹ Сайиду-т-тоифа — пешвои қавм.
² Ҷунайд — Ҷунайди Бағдодӣ, ки яке аз аввалин тасаввуф буда, соли 910 вафот кардааст.
³ Қуддиса сирруҳу — марқадаш нуронӣ гардад!
⁴ Ҳикоёт-ал-машоиха ҷинда ҷунудиллоҳ — суханони шайхҳо лашкаре аз лашкарҳои Худост.
⁵ Расул — пайғамбар; ин ҷо ишора ба пайғамбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.
⁶ Саллаллоҳу алайҳи ва саллам — Худованд ӯро хайр диҳад ва дуруд бифиристад.
⁷ Нафхи сур — дамидани сур, пуф кардани сур.
⁸ Озим — азиматкунанда, раванда.
⁹ Мутазалзил шудан — зеру забар шудан.
¹⁰ Сабот додан — устувор кардан.