Зиҳӣ, қаддат ниҳоли гулшани чашм

Зиҳӣ, қаддат ниҳоли гулшани чашм,
Маҳи рӯят чароғи равшани чашм.

Харобободи дил мардумнишин нест,
Фуруд ой, ай парӣ, дар маскани чашм.

Зи хуни дил чунон пур шуд дарунам,
Ки мерезад бурун аз равзани чашм.

Зи кӯят ҳар хасу хоре, ки чинам,
Нишонам чун мижа перомани чашм.

Зи гиря то ба гардан ғарқи хунам,
Чу мирам, хуни ман дар гардани чашм.

Ба як ғамза кунӣ сад шердилро
Шикори оҳуи шерафгани чашм.

Чу гардад дурфишон лаъли ту, Ҷомӣ,
Зи лаълу дур кунад пур домани чашм.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»