Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 27

Вақте дар сафари Ҳиҷоз тоифаи ҷавонони соҳибдил ҳамдами ман буданду ҳамқадам. Вақтҳо замзамае бикардандӣ ва байте муҳаққиқона бигуфтандӣ. Обиде дар сабил мункири ҳоли дарвешон буду бехабар аз дарди эшон, то бирасидем ба хайли банӣ Ҳилол. Кӯдаке сиёҳ аз ҳаййи араб бадар омаду овозе баровард, ки мурғ аз ҳаво даровард. Уштури обидро дидам, ки ба рақс андаромаду обидро бияндохту бирафт. Гуфтам:

- Эй шайх, самоъ дар ҳайвон асар карду туро ҳамчунон тафовут намекунад?!

Донӣ, чӣ гуфт маро он булбули саҳарӣ?
«Ту худ чи одамиӣ, к-аз ишқ бехабарӣ?!
Уштур ба шеъри араб дар ҳолат асту тараб,
Гар завқ нест туро, кажтабъ ҷонварӣ».

* * *

Ва инда ҳубуби-н-ношироти ало-л-ҳимо,
Тамилу ғузуну-л-бони ло ал-ҳаҷару-с-салду.

Тарҷумаи байт:

Бо вазиши бодҳое, ки бар марғзор мевазад, шохаҳои дарахти бон cap хам мекунад, вале санги хоро чунин намешавад, яъне cap хам намекунад.

* * *

Ба зикраш ҳарчи бинӣ, дар хурӯш аст,
Диле донад дар ин маънӣ, ки гӯш аст,
На булбул бар гулаш тасбеҳхонест,
Ки ҳар хоре ба тасбеҳаш забонест.