Гуҳар, к-аз васфи он лабҳои шаккарханд мерезам

Гуҳар, к-аз васфи он лабҳои шаккарханд мерезам,
На гавҳар, балки шаккар мефишонам, қанд мерезам.

Дилам дарёи хун омад, ба рӯяш чашмам он киштӣ,
К-аш аз таҳ метаровад хуни дил, ҳарчанд мерезам.

Намеояд чу ту ҳарчанд, к-андар қолиби фикрат
Зи ҷон монанди ту сад шакли бемонанд мерезам.

Ҳама хубон маро фарзанду ман он меҳрбон пирам,
Ки нақди дину дил дар пойи ҳар фарзанд мерезам.

Ба хун пайванд ёбад ҳар чӣ буррад, чун ту бибридӣ,
Зи дил хун баҳри муҳкам кардани пайванд мерезам.

Мадеҳ дарди сарам, ай пандгӯ, к-аз обу хоки ман
Гиёҳи ишқ мехезад, чу тухми панд мерезам.

Чу нахли хона ҷунбиш ёфт, дасте пеш кун, Ҷомӣ,
Ки нузли¹ хони муштоқони ҳоҷатманд мерезам.


¹ Нузл – бахшиш, эҳсон.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»