Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 31

Аз суҳбати ёрони Димишқам малолате падид омада буд, cap дар биёбони Қудс ниҳодам ва бо ҳайвонот унс гирифтам, то вақте ки асири Фаранг шудам. Дар хандақи Тароблис бо ҷуҳудонам ба кори гил бидоштанд. Яке аз руасои Ҳалаб, ки собиқаи маърифате миёни мо буд, гузар кард ва бишнохту гуфт:

- Эй фалон, чӣ хоҷат аст?

Гуфтам:

- Чӣ гӯям?

Ҳамегурехтам аз мардумон ба кӯҳу ба дашт,
Ки аз Худой набудам ба одамӣ пардохт.
Қиёс кун, ки чӣ ҳолам бувад дар ин соат,
Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт.

* * *

Пой дар занҷир пеши дӯстон
Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон.

Бар ҳолати ман раҳмат оварду ба даҳ динорам аз қайд халос карду бо худ ба Ҳалаб бурд ва духтаре, ки дошт, ба никоҳи ман даровард ба қобини сад динор. Муддате баромад. Бадхӯи ситезарӯи нофармон буд, забондарозӣ кардан гирифт ва айши маро мунағғас доштан.

Зани бад дар саройи марди накӯ
Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ.
Зинҳор аз қарини бад, зинҳор:
Ва қино раббано азобаннор.

(Тарҷумааш: Худоё, аз азоби дӯзах моро нигоҳ дор!)

Боре забони тааннут дароз карда ҳамегуфт:

- Ту он нестӣ, ки падарам туро аз Фаранг ба даҳ динор халос кард?

Гуфтам:

- Бале, ба даҳ динорам халос карду ба сад динор дар дасти ту гирифтор.

Шунидам, гӯсфандеро бузурге
Раҳонид аз даҳону чанги гурге,
Шабонгаҳ корд бар ҳалқаш бимолид,
Равони гӯсфанд аз вай бинолид,
Ки аз чанголи гургам даррабудӣ,
Чу дидам оқибат, гургам ту будӣ.