Чӣ ҳусн аст ин, ки гар ҳар дам рухатро сад назар бинам

Чӣ ҳусн аст ин, ки гар ҳар дам рухатро сад назар бинам,
Ҳанӯзам орзу бошад, ки як бори дигар бинам.

Чунин шавқе, ки ман дорам, чӣ таскин ёбад, ар ногаҳ
Бурун оию чун умри азизат даргузар бинам.

Магӯ дар моҳу хур бин, Аллаҳ-Аллаҳ, чун бувад мумкин,
Ки ту пеши назар бошию ман дар моҳу х(в)ар бинам.

Ба торикии ҳиҷронам макуш, ай ғам, даме дигар
Бувад, к-аз партави рухсораш он шабро саҳар бинам.

Чу маҳрумам зи дидораш, ба кӯйи ӯ равам боре,
Замоне баҳри хурсандӣ дар ин девору дар бинам.

Сари болин надорам, лек аз бахт он қадар хоҳам,
Ки вақти ҷон супурдан остонаш зери сар бинам.

Ба кунҷи меҳнату андӯҳ Ҷомӣ ҷон диҳад охир,
Чунин, к-аз дарди ҳиҷрон ҳар замон ҳолаш батар бинам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»