Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 37

Муриде гуфт пирро:

- Чӣ кунам, к-аз халоиқ ба ранҷ - андарам, азбаски ба зиёрати ман ҳамеоянд ва авқомат аз тараддуди эшон мушавваш мешавад.

Гуфт:

- Ҳар чӣ дарвешонанд, мар эшонро воме бидеҳ ва он чӣ тавонгаронанд, аз эшон чизе бихоҳ, ки дигар гирди ту нагарданд:

Гар гадо пешрави лашкари Ислом бувад,
Кофар аз бими таваққуъ биравад то дари Чин.