Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 38

Фақеҳе падарро гуфт:

- Ҳеч аз ин суханони рангину диловези мутакаллимон дар ман асар намекунад ба ҳукми он, ки намебинам мар эшонро кирдоре мувофиқи гуфтор.

Тарки дунё ба мардум омӯзанд,
Хештан симу ғалла андӯзанд.
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Ҳар чӣ гӯяд, нагирад андар кас.
Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигӯяд ба халқу х(в)ад накунад.

А таъмуруна-н-носа би-л-бирри ва тансавна анфусакум? (Оё мардумро ба некӣ фаро мехонед ва худ фаромӯш мекунед, ки бояд некӣ кунед?)

Олим, ки комронию танпарварӣ кунад,
Ӯ хештан гум аст, киро раҳбарӣ кунад?

Падар гуфт:

- Эй писар, ба муҷарради хаёли ботил нашояд рӯй аз тарбияти носиҳон бигардонидан ва уламоро ба залолат мансуб кардан ва дар талаби олими маъсум аз фавоиди илм маҳрум мондан ҳамчу нобиное, ки шабе дар ваҳал афтода буду мегуфт: Эй мусулмонон, охир чароғе фаро роҳи ман доред! Зане фориҷа гуфт: Ту ки чароғ набинӣ, ба чароғ чӣ бинӣ? Ҳамчунин маҷлиси вазъ чун кулбаи баззоз аст, он ҷо то нақде надиҳӣ, насиҳате наситонӣ ва ин ҷо то иродате наёрӣ, саодате набарӣ:

Гуфти олим ба гӯши ҷон бишнав,
В-ар намонад ба гуфтанаш кирдор.
Ботил аст, он чи муддаӣ гӯяд,
Хуфтаро хуфта кай кунад бедор?!
Мард бояд, ки гирад андар гӯш,
В-ар навишта-ст панд бар девор.

* * *

Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ,
Бишкаст аҳди суҳбати аҳли тариқро.
Гуфтам: «Миёни олиму обид чӣ фарқ буд,
То ихтиёр кардӣ аз он ин тариқро?»
Гуфт: «Он гилеми хеш бадар мебарад зи мавҷ
В-ин чаҳд мекунад, ки бигирад ғариқро».