Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 39

Яке бар сари роҳе маст хуфта буд ва зимоми ихтиёр аз даст рафта. Обиде бар вай гузар кард ва дар ҳолати мустақбаҳи ӯ назар кард. Маст cap бароварду гуфт: «Изо марру биллағви марру кироман» (Чун сари инкор доранд, караме низ доранд).

Изо раайта асиман кун сотиран ва ҳалиман,
Ё ман туқаббиҳу амрӣ лима ло тамурру кариман?

Тарчумаи байт:

Ҳангоме ки гунаҳкореро мебинӣ, пӯшандаву шикебо бош. Эй касе, ки кори моро зишт мешуморӣ, чаро бузургворона намегузарӣ?

Матоб, эй порсо, рӯй аз гунаҳкор,
Ба бахшояндагӣ дар вай назар кун.
Агар ман ноҷавонмардам ба кирдор,
Ту бар ман чун ҷавонмардон гузар кун.