Аз ишқ табарро чӣ кунам, чун натавонам

Аз ишқ табарро чӣ кунам, чун натавонам,
Бо ақл тавалло чӣ кунам, чун натавонам?!

Аз дарди ту доғест куҳан бар дили решам,
Тадбири мудово чӣ кунам, чун натавонам?

Аз нозукии хӯйи ту хоҳам, ки зи рӯят
Пӯшам назар, аммо чӣ кунам, чун натавонам?

Ҳарчанд, ки бигзашт зи ҳад ваъдаи васлат,
Оҳанги тақозо чӣ кунам, чун натавонам?!

Хорем шикаста-ст ба по, бар сари кӯят,
Азми гулу саҳро чӣ кунам, чун натавонам?!

Зад шуъла ба ҷон шавқи висоли туам имрӯз,
Таъхир ба фардо чӣ кунам, чун натавонам?!

Ман Ҷомии машҳур ба савдои бутонам,
Тарки рухи зебо чӣ кунам, чун натавонам?!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»