Тоифаи риндон ба хилофи дарвеше бадар омаданд ва суханони носазо гуфтанд ва бизаданду биранҷониданд. Шикоят пеши пири тариқат бурд, ки чунин ҳоле рафт.
Гуфт:
- Эй фарзанд, хиркаи дарвешон ҷомаи ризост. Ҳар кӣ дар ин кисват таҳаммули бемуродӣ накунад, муддаъисту хирқа ба ӯ ҳаром:
Дарёи фаровон нашавад тира ба санг,
Ориф ки биранҷад, тунукоб аст ханӯз.
* * *
Гар газандат расад, таҳаммул кун,
Ки ба афв аз гуноҳ пок шавӣ.
Эй бародар, чу хок хоҳӣ шуд,
Хок шав, пеш аз он ки хок шавӣ.