Ҳофизи Шерозӣ

39. Бо шоҳиди шӯху шангу бо барбату най

Бо шоҳиди шӯху шангу бо барбату най,
Кунҷеву фароғатеву як шишаи май.
Чун гарм шавад зи бода моро рагу пай,
Миннат набарем як ҷав аз Ҳотами Тай!