Саъдии Шерозӣ

Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 43

Бузургеро пурсидам аз сирати ихвони сафо. Гуфт:

- Камина он, ки муроди хотири ёрон бар масолиҳи хеш муқаддам дорад ва ҳукамо гуфтаанд: Бародар, ки дар банди хеш аст, на бародару на хеш аст.

Ҳамроҳ агар шитоб кунад, ҳамраҳи ту нест,
Дил дар касе мабанд, ки дилбастаи ту нест.

* * *

Чун набувад хешро диёнату тақво,
Қатъи раҳим беҳтар аз муваддати қурбо.

Ёд дорам, ки муддаӣ дар ин байт бар қавли ман эътироз карду гуфт:

- Ҳақ таоло дар китоби маҷид аз қатъи раҳим наҳй кардааст ва ба муваддат зилқурбо фармуда. Он чӣ ту гуфтӣ, муноқизи он аст.

Гуфтам:

- Ғалат кардӣ, ки мувофиқи Қуръон аст. Ва ин ҷоҳадока ало ан тушрика бӣ мо лайса лака биҳи илмун фало тутиъҳумо (Тарҷумааш: Агар бикӯшанд, ки маро ту аз рӯи ноогоҳӣ ширк оварӣ, итоаташон накун).

Ҳазор хеш, ки бегона аз Худо бошад,
Фидои як тани бегона, к-ошно бошад.