Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон

Бикшод ниқоб аз рухи гул боди баҳорон,
Шуд тарфи чаман базмгаҳи бодагусорон.

Шуд лоласитон гирди гул, азбаски ниҳоданд
Рӯ сӯйи тамошои чаман лолаузорон.

Дар мавсими гул тавба зи май дер напояд,
Ёд аст маро ин сухан аз таҷрибакорон.

Тарсам, ки чу ояд маҳаки сидқ, набошанд,
Риндони харобот кам аз савмиадорон.

Аз субҳашуморон маталаб гавҳари мақсуд,
К-омад садафи он кафи ангурфишорон.

Бар суҳбати гул дил манеҳ, ай мурғ, ки чун ту
Гаштанд дар ин боғу гузаштанд ҳазорон.

Аз гумшудагон зери гул омад ба ту сабза,
Ҳамчун хати ёрон, ки нависанд ба ёрон.

Бин, ғунчаи нашкуфта, ки овард ба сӯят
Сарбаста паёме зи дили синафигорон.

Ҷомӣ, наравад сӯзи ту аз сина ба гиря,
Доғи дили лола нашавад шуста ба борон.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»