Саъдии Шерозӣ

Боби дуюм » Дар ахлоқи дарвешон » Ҳикояти 48

Ҳакимеро пурсиданд:

- Аз саховату шуҷоат кадом беҳтар аст?

Гуфт:

- Он киро саховат аст, ба шуҷоат чӣ ҳоҷат?!

Намонд Ҳотами Той, валек то абад
Бимонд номи баландаш ба некуӣ машҳур.
Закоти мол бадар кун, ки фузлаи разро
Чу боғбон бибурад, бештар диҳад ангур.

* * *

Набишта-ст бар гури Баҳроми Гур,
Ки дасти карам беҳ зи бозуи зӯр.