Ай дида, бишнав панди ман, наззораи он рӯ макун!

Ай дида, бишнав панди ман, наззораи он рӯ макун!
Ман хӯ ба ҳиҷрон кардаам, дигар маро бадхӯ макун!

Ай, к-аз пайи наззора рӯ бар кӯйи он маҳ мекунӣ,
Ё тарки дину дил бигӯ, ё худ гузар з-он сӯ макун!

Рӯяш бибин, ай боғбон, шарме бидор аз рӯйи хеш,
Пеши чунон рӯ беш аз ин васфи гули худрӯ макун!

Ай баста дил бар некувон, бо таъни душман шод зӣ,
Рӯйи накӯ мебоядат, андешаи бадгӯ макун!

Ҳам ёди ӯ месӯзадам, ҳам гуфтани ғайре аз ӯ,
Раҳме намо, ай ҳамнишин, чандин ҳадиси ӯ макун!

Эмин намебинам диле аз чашми сеҳрангези ту,
Чандин фусуни дилбарӣ таълими он ҷоду макун!

Ҷомӣ, ба ҷон омад сагаш аз нолаву фарёди ту,
Шабҳо ба танҳоӣ дигар ҷо бар сари он кӯ макун!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»