Ҳар сӯ марав ҷавлонзанон, чобуксаворо, беш аз ин

Ҳар сӯ марав ҷавлонзанон, чобуксаворо, беш аз ин,
Аз каф бурун рафта инон, мапсанд моро беш аз ин.

Баҳри нисорат ҳар нафас ҷоне ба даст орему бас,
Бистон, ки набвад дастрас муште гадоро беш аз ин.

Хуни дили ҳар марду зан омад бурун аз ҳар шикан,
Ҷоно, гираҳ муҳкам мазан, зулфи дуторо беш аз ин.

Бар тарфи бустон ҷо макун, дар пойи гул маъво макун,
Бо сарв ҳамболо макун шохи гиёро беш аз ин.

Аз ҷунбиши пероҳанат, озурда мегардад танат,
Рухсат мадеҳ пероманат гаштан саборо беш аз ин.

Ҷон медиҳам, баҳри Худо, гарде деҳ аз роҳат маро,
То чанд медонӣ баҳо он тӯтиёро беш аз ин.

Ҷомӣ, зи ҳар симинбаре бо санги ту дорад саре,
Зоеъ макун бо дигаре санги ҷафоро беш аз ин.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»