Дӯш дур аз рӯят, эй ҷон, ҷонам аз ғам тоб дошт

Дӯш дур аз рӯят, эй ҷон, ҷонам аз ғам тоб дошт,
Абри чашмам бар рух аз савдои дил селоб дошт.

Дар тафаккур ақли мискин пойбанди ишқ шуд,
Бо парешонӣ дили шӯрида чашми хоб дошт.

Кӯси ғорат зад фироқат гирди шаҳристони дил,
Шаҳнаи ишқат сарои ақл дар табтоб¹ дошт.

Нақши номат карда дил меҳроби тасбеҳи вуҷуд,
То саҳар тасбеҳгӯён рӯй дар меҳроб дошт.

Дидаам меҷусту гуфтандам: Набинӣ рӯи дӯст,
Худ дурафшон буд чашмам, к-андар ӯ симоб дошт.

З-осмон оғози корам сахт ширин менамуд,
Кай гумон бурдам, ки шаҳдолуда заҳри ноб дошт?

Саъдӣ ин раҳ мушкил афтодаст дар дарёи ишқ,
Аввал, охир, дар сабурӣ андаке поёб дошт.


¹ Чавгоне, ки сари он паҳну кафчамонанд аст ва гӯй дар он ниҳанд ва ба ҳаво афкананд, чун ба фуруд омадан расад боз сари табтоб бар ӯ зананд, ҳамчунин нагузоранд, ки бар замин ояд.