Ману фикри ту, чӣ бинам ба ҷамоли дигарон

Ману фикри ту, чӣ бинам ба ҷамоли дигарон,
Ҳам хаёли ту маро беҳ, ки висоли дигарон.

Ғайратам бо ту чунон аст, гарам даст диҳад,
Нагузорам, ки дароӣ ба хаёли дигарон.

Ба маҳолоти рақибон чӣ ниҳӣ самъи қабул,
Ҳоли мо гӯш кунӣ беҳ, ки муҳоли дигарон!

Рӯзу шаб ташнаҷигар хоки дарат бӯса занам,
Ман, ки лаб тар накунам з-оби зулоли дигарон.

Ҳар чӣ, ҷуз дӯст, бурун мекунам аз хилвати дил,
Кай бувад дар ҳарами шоҳ маҷоли дигарон?

Мебарад номаи ӯ ҳудҳуду мо дур, дареғ,
Ки паридан натавонем ба боли дигарон!

Ҳоли Ҷомӣ зи ғамат зору ту аз сангдилӣ
Мекушоӣ назари лутф ба ҳоли дигарон.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»