Яке аз мулук бо тане чанд аз хоссон дар шикоргоҳе ба зимистон аз иморат дур афтод. Шаб даромад, хонаи деҳқоне диданд.
Малик гуфт:
- Шаб ба он ҷо равем, то заҳмати сармо набошад.
Яке аз вузаро гуфт:
- Лоиқи қадри подшоҳон набошад ба хонаи деҳқоне илтиҷо кардан. Ҳамин ҷо хайма занему оташ кунем.
Деҳқонро хабар шуд. Моҳазаре овард ва замин бӯсиду гуфт:
- Қадри баланди султон бад-ин қадр нозил нашудӣ, валекин нахостанд, ки қадри деҳқон баланд гардад. Маликро сухан гуфтани ӯ матбӯъ омад. Шабонгоҳ ба манзили ӯ нақл карданд. Бомдодонаш хилъат фармуд. Деҳқон дар риқоби султон ҳамерафту мегуфт:
Зи қадру шавкати султон нагашт чизе кам
Аз илтифот ба меҳмонсаройи деҳқоне.
Кулоҳгӯшаи деҳқон ба офтоб расид,
Ки соя бар сараш андохт чун ту султоне.