Саъдии Шерозӣ

Боби севум » Дар фазилати қаноат » Ҳикояти 21

Бозаргонеро дидам, ки саду панчоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳучраи хеш даровард. Ҳама шаб наёрамид аз суханҳои парешон гуфтан, ки фалон анборам ба Туркистои аст ва фалон бизоат ба Ҳиндустон ва ин қиболаи фалон замин аст ва фалон чизро фалон замин. Гоҳ гуфгӣ: Хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст. Боз гуфтӣ: На, ки дарёи Мағриб мушавваш аст. Саъдиё, сафаре дигар дар пеш аст. Агар он карда шавад, бақияти умри хеш ба гушае бинишинам. Гуфтам:

Он кадом сафар аст?

Гуфт:

- Гӯгирди порсӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки шунидам, қимате азим дорад ва косаи чинӣ ба Рум орам ва дебои румӣ ба Ҳинд ва фулоди хиндӣ ба Ҳалаб ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман ва бурди ямонӣ ба Порс ва з-он пас тарки тиҷорат кунам ва ба дуконе бинишинам.

Инсоф, аз ин мохулиё чандон гуфг, ки беш тоқати гуфтанаш намонд.

Гуфт:

- Эй Саъдӣ, ту ҳам сухане бигӯй аз онҳо, ки дидаию шунидаӣ.

Гуфтам:

Он шунидастӣ, ки дар ақсои Ғӯр
Борсолоре бияфтод аз сутур.
Гуфт: Чашми танги дунёдӯстро
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!