Дӯшам он сангдил парешон дошт

Дӯшам он сангдил парешон дошт,
Ёри дилбурда даст бар ҷон дошт.

Дида дур мефишонд дар доман,
Гӯиё остини марҷон дошт.

Андарунам зи ишқ месӯзад,
В-ар нанолидаме, чӣ дармон дошт?

Менапиндоштам, ки рӯз шавад,
То бидидам саҳар, ки поён дошт.

Дари боғи биҳишт бикшуданд,
Бод гӯӣ, калиди ризвон дошт.

Ғунча дидам, ки аз насими сабо
Ҳамчу ман даст дар гиребон дошт,

Ки на танҳо манам рабудаи ишқ,
Ҳар гуле булбуле ғазалхон дошт.

Розам аз парда бармало¹ афтод,
Чанд шояд ба сабр пинҳон дошт?

Саъдиё, тарки ҷон бибояд гуфт,
Ки ба як дил ду дӯст натвон дошт.


¹ Ошкор.