Чархи ахзар, к-аз ду чашмам хост мавҷи хун дар ӯ

Чархи ахзар, к-аз ду чашмам хост мавҷи хун дар ӯ,
Шишаи сабз аст, ашкам бодаи гулгун дар ӯ.

Шуд ҷаҳон аз ашки ман дарёву метарсам шавад
Ғарқа аз бори дили ман заврақи гардун дар ӯ.

Ҷо даруни дил гирифтӣ, чокаш аз пайкон бидӯз,
То наёбад раҳ хаёли ғайр аз берун дар ӯ.

Риштаи ҷон гар зи зулфат нагсалад, чандин мапеч,
Ҷони ман, гӯ, бош як торе дигар афзун дар ӯ.

Ишқи ту ҳушам зи дил бирбуд, тарки ишва деҳ,
Бода маст афтоду мардафган, марез афюн дар ӯ.

Рӯйи Маҷнун буд дар Лайлӣ, вале зад баҳри ишқ,
Оқибат мавҷе, ки гум шуд Лайливу Маҷнун дар ӯ.

Махзани султони ишқ омад дили Ҷомиву нест
Ҷуз хаёли лаъли ҷонон гавҳаре махзун дар ӯ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»