Ай з-абрувонат муттасил ушшоқро меҳроб ду

Ай з-абрувонат муттасил ушшоқро меҳроб ду,
Бо ғамзаву чашми ту дил, қурбон яке, қассоб ду.

Мақсуди мо з-он абрувон бошад суҷуди рӯйи ту,
Қибла набошад ҷуз яке, гарчи бувад меҳроб ду.

Бикшой бурқаъ з-он ду рух, то чашми анҷум бар замин
Бинад ба акси осмон хуршеди оламтоб ду.

Танҳо яке тан, чун кашам аз ту инони дил чунин,
К-аз зулфи мушкин сӯйи ӯ афгандаӣ қуллоб ду?

Дар гулситони ҳусн аз он болову рухсору ҷабин,
Як шохи нозук бин, к-аз ӯ руста гули сероб ду.

Ҷонам фидои соқие, к-он дам, ки нӯшам ҷоми май,
Нуқл аз даҳону лаб диҳад, писта яке, унноб ду.

Шуд ҳуши Ҷомӣ з-он ду лаб, мастӣ, бале зуд оварад
Базме, ки шуд гардон дар ӯ ҷоми шароби ноб ду.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ФОТИҲАТУ-Ш-ШУБОБ»