Абдураҳмони Ҷомӣ

Чанд сӯйи чаман оям ба ҳавоят чу сабо

Чанд сӯйи чаман оям ба ҳавоят чу сабо,
Як раҳ, ай сарви саҳӣ, қомати раъно бинамо.

Ба таҳи куртаи нилӣ суйи бустон бихиром,
То гул аз шавқ кунад хирқаи фирӯза қабо.

Боғбон, кош, кунад савсану гул фарши раҳат,
З-он ки бар рӯйи замин ҳайф бувад он кафи по.

Сарвро ҷо лаби ҷӯй асту туро гӯшаи чашм,
Аллаҳ, Аллаҳ, чӣ тафовут, ту куҷо, сарв куҷо?

Ҳамчу булбул ба ҳавои гули рӯят нолам,
Нест ин нолаву фарёди ман аз боди ҳаво.

З-оби софӣ нигар он рӯйи чу гул, то донӣ,
К-аз чӣ рӯ ин ҳама ҷӯёни туанд аҳли сафо?

Бо ту Ҷомӣ ҳаваси гашти гулистон дорад,
Лек чун ҳамраҳии сарв кунад шохи гиё?